Дар ёдгирии забони форсӣ гоми аввал бисёр муҳим ва ҳаётӣ аст. Дар ин гом форсиомӯз бояд бо забони форсӣ маънус шавад, то аз ёдгирии он лаззат бибарад. Агар форсиомӯз аз ибтидо тасвири шаффофу равшане аз забони форсӣ пайдо кунад, онро бо суръату лаззати фаровон ёд мегирад. «Гоми аввал» китобест, ки бо ҳамин ҳадаф ва бо иттако ба таҷрибаи чандинсолаи омӯзгорону устодони забони форсӣ, дар дохил ва хориҷ аз Эрон таълиф шудааст. Муҳимтарин ҳадафи китоб ин аст, ки форсиомӯз аз ибтидо забони форсиро ба кор бибарад. Ҳамаи таклифҳои китоб иртиботӣ ҳастанд, зеро анҷоми ҳар як аз онҳо мусталзими як куниши забонии ҳадафманд аст.
«Гоми аввал» забони меҳвар аст ва аз ибтидо ба ҳамаи маҳоратҳои забон таваҷҷуҳ мекунад. Ин китоб дар тӯли 40 то 60 соати омӯзишӣ, форсиомӯзро бо вожаҳо, коркардҳо, мафоҳим ва сохтҳои поя ва пурбасомади забони форсӣ ошно мекунад.
Дар «Гоми аввал» забони форсӣ аз тариқи бакоргирии он омӯхта мешавад ва форсиомӯз дар поёни китоб метавонад ба забони форсӣ ҳарф бизанад, бихонад ва ҳатто бинависад.
«Гоми аввал»-ро бо лаззат бардоред, зеро шурӯъи ҳар кор нисфи он аст.